Дар шаҳри Бохтар маросими тантанавии “Рӯзи даъватшаванда” бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид. Ин ҳамоиш бо иштироки  ҷавонони ихтиёрии ба хизмати ҳарбӣ сафарбаршавандаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва волидайну наздикони эшон, масъулони комиссариатҳои ҳарбӣ, сарбозону афсарони баъзе қимҳои низомии ҳудуди вилоят, намояндагони мақомотҳои иҷроия ва дигарон иштирок доштанд.

Маросими “Рӯзи даъватшаванда” бо роҳпаймоӣ оғоз ёфт ва ҷавонони ихтиёрии ба хизмати ҳарбӣ сафарбаршаванда бо рӯҳияи болида аз комиссариати ҳарбӣ то варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар дар даст шиору овезаҳои тараннумгари ватандӯстию ватанпарастӣ, сулҳу субот ва Истиқлоли давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд. Баъди қироати Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам дар назди ҳамагон суханронӣ намуд. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки такягоҳи давлат ва устувории фазои амну суботи сарзамин ва неруи эътимодбахшу итминони мардум дар зиндагии осоишта ба қудратмандии қувваҳои мусаллаҳ вобастагии амиқ дорад.

-Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободонии ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бо нангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд, — аз таъкидҳои пайвастаи Роҳбари давлат ёдоварӣ намуд, муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам.

Дар идомаи чорабинӣ барои фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда гузоштан дар балан бардоштани обрӯю нуфузи неруҳои мусаллаҳ ва даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ чанде аз сохтору мақомот, аз ҷумла Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон, гурӯҳи фаврии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи номи Носири Хусрав, комиссияи даъватии ноҳияҳои Фархор, Вахш, Данғара, Носири Хусрав ва шаҳрҳои Леваканту Норак бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

Барои хизмати намунавӣ ва нишон додани маҳорати баланди касбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар чанде аз сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилоят аз ҷумла Алишер Саломов аз қисми 03/06- Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Набиҷони Саидаброр аз қисми низомии 07/ 256-и Вазорати мудофиа, Муҳаммад Худойназаров аз қисми 45/989-Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Абдулваҳоб Сироҷов, аз қисми ҳарбии 35/03-Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо сипосномаи раиси вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, барои дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон волдидайн Қурбонов Акобир, падари сарбоз Тағоймуродов Наврӯз аз қисми ҳарбии 03/06 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадршиносӣ шуд.

Гуфта шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин риоя намудани талаботи оинномавии ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар мебошад, ки ин нуктаро пайваста Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд. Баромадкунандагон бо ифтихормандӣ иброз доштанд, ки Тоҷикистони маҳбуби мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол 32 сол боз дар арсаи байналмилаӣ арзи ҳастӣ дошта, бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати комил дар мамлакат имрӯз рӯзи даъватшавандаро дар фазои амну осоиш ба таври тантанавӣ таҷлил менамоем.

Машқҳои ҳарбӣ, ки аз маҳорати баланди касбии сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ дарак медод, манзури иштирокдорон гашт.

Дар интиҳо туҳфаҳои раиси вилоят ба сарбозон тақдим карда шуда, барномаи консертӣ манзури ҳамагон гардид.

About The Author

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *