Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум баргузор шуд. Рузномаи маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон бо барасии се масъала дар самти рушди саноати хуроквории мамлакат, муқовимат бо амалҳои хусусияти коррупсионидошта, пешгирии ҳолатҳои қоидавайронкуни дар соҳаи заминсозӣ тасдиқ гардида, ичнунин масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки оид ба мавзуъи кадрӣ ва номгузорӣ буд.
Сароғоз раиси вилоят Давлаталӣ Саид моҳияти иҷлосияро бо баррасии мавзуъҳо маънидод карда , ҷиҳати иштироки роҳбарият ва намояндагони ниҳоди дахлдори шаҳру ноҳияҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Кори иҷлосия бо садо додани сурурди милли оғоз гардид.
Дар иҷлосияи вакилони халқи вилоят таҳлил ва баррасии се мавзуъи руз тасдиқ гардида, инчунин ба як қатор масъалаҳои ҷори низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Оид ба рафти қарори раиси вилоят “Дар бораи Барномаи рушди саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”, оид ба фармони Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумуҳрии Тоҷикистон” барои давраи то соли 2030, инчунин ҳисоботи раисони Кумитаи идораи замини вилоят ва минтақа оид ба пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар соҳаи заминсозӣ ва тадбирҳо дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партоб ва таъмини иҷрои Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят масъулони ниҳоди дахлдор маъруза намуданд.
Вобаста ба мавзуи аввали иҷлосия муовини раиси вилоят Заробиддин Файзулозода иттиллоъ дод, ки бо мақсади иҷрои Барномаи рушди саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 аз ҷониби комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаи энергетика, саноат, шаҳрсозӣ, коммуникатсия ва нақлиёт, раёсатҳо ва шуъбаҳо, ташкилоту муассисаҳои дахлдор, маҷлисҳои вакилони халқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор корҳои назаррас дар амал иҷро гардид.
Иттиллоъ дода шуд, ки соли 2022 аз ҷониби корхона ва коргоҳҳои соҳаи хуроквории вилоят бо бахши хусусӣ ба маблағи 1 миарду 425 милион сомонӣ маҳсулоти хӯрока ва нӯшокиҳо истеҳсол шудааст, ки ин нишондод дар қиёс ба соли 2020 ум 54,9 % зиёд мебошад.
Дар вилоят 13 адад корхона ва 149 адад осёбҳои ордбарорӣ бо иқтидори коркарди 1, 3 миллион тонна гандум мавҷуд буда, коркарди гандуми истеҳсолии кишоварзон, орду сабус дар қиёс ба солҳои қаблӣ зиёд мебошад. Инчунин дар вилоят 24 адад корхонаҳо ва коргоҳҳои равғанбарорӣ мавҷуд буда , ҷиҳати таъмини равған низ нишондиҳандаҳо назаррас арзёбӣ мешаванд.
Ҳамин тариқ муовини раиси вилоят бо исботу далелҳои воқеъӣ оид ба масъалаи суръати афзоиши маҳсулоти консервагӣ, истеҳсоли барзиёди меваи хушку донагӣ, гушту ширӣ, инчунин бунёди корхонаву сардхонаҳо маълумот дода, иброз дошт, ки новобаста аз чунин дастоварду пешравиҳо ҳануз ҳам дар самти иҷрои талаботи барнома як қатор норасоиву камбудиҳои ҳалталаб вуҷуд дорад.
Бо назардошти ин матлаб раиси вилоят даъват намуд, ки роҳбарият ва намояндагони ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар самти сифатнок иҷро намудани ҳадафҳои барномаи мазкур ва ташкили низоми самарноки идоракунии корхонаҳои саноати хӯрокворӣ тадбирҳои самарабахшро амалӣ намуда, ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак бо ҷалби сармояи хориҷӣ, фароҳам овардани шароит барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар корхонаҳои саноати хурокворӣ мусоидат намоянд.
Ба роҳбарияти як қатор шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки барои бунёди фабрикаҳои парандапарварӣ, ташкили корхонаҳои коркарди маҳсулоти ғизоӣ азҷумла корхонаҳои меваю сабзавот, ташкили амборҳои нигоҳдории маҳсулоти озуқаворӣ, нақшаву барномаҳои судмандро тарҳрезӣ намуда, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати ташкили маҷмааҳои саноатӣ мавқеъгирӣ намоянд.
Ҳамзамон ҷиҳати иҷрои бандҳои “Барномаи рушди саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ва раёсату дигар ниҳоди дахлдор дастур дода шуд, ки ҷиҳати ислоҳу бартарфсозии камбудиҳои вобастаи барнома чораҳои лозима андешида, рафти иҷрои онро пешниҳод намоянд.
Сипас вобаста ба мавзуъи дуюми иҷлосия ахбороти Иброҳимзода Карим Иброҳим сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон шунида шуд, ки оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, буд.
Иттиллоъ дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нақша чорабиниҳои мақсаднок оид ба амалисозии стратегияи мазкур роҳандозӣ гардида, ҷиҳати тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия дар соҳаҳои хизмати давлатӣ, маорифу тандурустӣ, андозу гумрук, хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ва соҳаҳои дигаре, ки фаъолияташон аз нигоҳи коррупсия осебпазир мебошанд, тадбирҳои саривақти судманд амалӣ гардидаанд.
Дар заминаи стратегияи мазкур бо қарори раисони шаҳру ноҳияҳо “Барномаи идоравии зиддикоррупсионӣ барои солҳои 2021-2030” ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои ҳарсоли пешбинишуда таҳия ва тасдиқ карда шуда, дар ин замина бо ҳамкори бо мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохтору ташкилотҳо дар нимсолаи аввали соли равон корҳои муайян ба сомон расонида шудааст.
Бо мақсади пешгирии амалаҳои хусусияти коррупсионидошта ба роҳабарони идораву корхона ва ташкилоту муассисаҳои вилояти Хатлон дастури хаттӣ ва пешниҳод оид ба таъмини иҷрои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва нақша чорабиниҳои татбиқи он ирсол карда шуд.
Таъкид гардид, ки дар шаҳру иноҳияҳои вилоят гушаву овезаҳои бозгуи стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шуда, бо мақсади огоҳии мардум аз ин матлаб тавассути расонаҳои хабарӣ низ барномаву мақолаҳо пешниҳод гардида, инчунирн байни табақаҳои гуногуни ҷомеъа хосса дар ташкилоту муассисаҳо баргузории вохуриву мулоқотҳои судмнад дар сатҳи лозима ҷараёни гирифт. Дар заминаи ахбороти сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистоон дар вилояти Хатлон, бо мақсади пешгирии амалҳои хусусияти коррупсионидошта ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва намояндгони ташкилоту муасисаҳои дахлдор раиси вилоят дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намдуанд, ки дар ин самт чораҳои фаврӣ андешида шавад.
Дар идомаи иҷлосия раисони кумитаҳои идораи замини вилоят ва минтақа оид ба пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар соҳаи заминсозӣ ва тадбирҳо дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов ва таъмини иҷрои кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳори вилоят ҳисобот дода оид ба пешрафту камбудиҳои ҷойдошта тибқи нишондодҳои оморӣ вазъиятро матраҳ намуданд. Қайд гардид, ки оид ба назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин дар ин муддат як қатор нақшаву барномаҳои ҳадафрас амалӣ гардид. Маҳз давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру иноҳияҳои вилоят 3693 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони умумии 2329 гектар ошкор гардида, барои бартараф сохтани он дар заминаи талаботи кодекси ҳуқувайронкунии маъмумрии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои лозима андешида шудааст. Масъулини ниҳоди дахлдор оиди худсарона забт намудани заминҳо дар майдони умумии 487 гектар изҳори нигаронӣ карда, аз чораҳои андешидаашон ёдрас шуданд.
Раиси вилоят ҷиҳати бартарф сохтани мушкилотҳои ҷойдоштаи самти замин ба роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дода, таъкид намуданд, ки бо мақсади пешгирии чунин қонуншиканиҳо ва ба гардиши кишоварзи ворид намудани заминҳои партов, инчунин сабабу омилҳои ба вуҷуд омадани ҳолати мазкурро муайяни намуда, ба таври хаттӣ маълумот диҳанд.
Дар охир раиси вилоят вобаста ба масъалаҳои ҷории иҷлосия дар самти масъалаҳои кадрӣ ва номгузорӣ суханронӣ карда, оид ба таъғиру иловаҳои ҷойдошта маълумот доданд.
Бо баррасии чунин мавзуъҳои руз, дар заминаи дастуру супоришҳои раиси вилоят ва иттиллоъи масъулони ниҳоди дахлдор иҷлосияи ҳабдаҳуми маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати шашум бо муайян кардани қарори мушаххасу мақсадноку таъсиргузор баргузор шуд.
















