Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба оғози корҳои сохтмонии маҷмааи IT-Hub Dushanbe санги асос гузоштанд.

Маҷмааи IT-Hub Dushanbe аз Мактаби IT, It Park, Маркази тиҷоратии технологияҳои иттилоот ва Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ иборат мебошад.

Он барои рушди иқтисоди рақамӣ, густариши технологияҳои муосир, ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ равона гардида, ташкили муҳити нави инноватсионӣ ва рақамӣ дар ҷумҳурӣ заминаи устувор фароҳам меорад.

About The Author

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *