22 май дар шаҳри Ашхободи Туркманистон ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо – сарвазирони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар рафти ҷаласа масоили марбут ба соҳаҳои иқтисод, нақлиёт, саноати кӯҳӣ ва металлургия, энергетика, кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим, амният ва бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокдорони ҷаласа ба бехатарии экологӣ, аз ҷумла барқарорсозии минтақаҳое, ки аз амалиёти истихроҷи уран зарар дидаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Зимни суханронӣ Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода иброз дошт, ки Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро бо кишварҳои ИДМ самти муҳими фаъолияти иқтисоди хориҷии худ медонад.

Ба таъкиди Сарвазири кишвар, барои кишварҳои ИДМ рушди инфрасохтори нақлиётӣ аҳамияти хосса дорад. Зеро роҳҳои логистикӣ асоси ҳамгироии моро таъмин мекунанд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон Консепсияи ҳамгироии шоҳроҳҳои нақлиётии магистралиро дастгирӣ мекунад, ки аз қаламрави кишварҳои ИДМ мегузаранд.

«Таъсиси системаи ягонаи нақлиётӣ хароҷотро ба таври назаррас коҳиш дода, рақобатпазирии долонҳои логистикии моро афзоиш медиҳад», — таъкид дошт Сарвазири Тоҷикистон.

Дар фарҷом аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа санадҳои ниҳоӣ қабул гардиданд. Таъкид карда шуд, ки қарорҳо ва ҳуҷҷатҳои қабулшуда барои пешрафти минбаъдаи ҳамаи соҳаҳо дар кишварҳои ИДМ заминаи устувор фароҳам меоранд.

About The Author

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *