Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсюй Дунъюй, ки барои иштирок дар Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар доданд.
Зимни мулоқот вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ баррасӣ гардид.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз дастгирии доимии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ аз талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи амалисозии афзалиятҳои миллии рушди устувор изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Баргузории Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе имконияти мусоид барои таҳкими муколамаи байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳо дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувор номида шуд.
Ҷонибҳо ба тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои мутобиқшавӣ ба иқлим, идоракунии устувори захираҳои замин, ҳифзи ҷангал ва дастгирии иқтисоди «сабз» таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.












