Имрӯз, 21 май, дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладона, истифодаи самараноки замин ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ боздид намуданд.

Раиси вилоят бо рафти корҳои саҳроӣ ва истифодаи имкониятҳои кишти такрорӣ шинос гардиданд. Аз ҷумла, дар хоҷагии деҳқонии «Латиф» ба кишти такрории сабзӣ оғоз бахшида шуд. Масоҳати умумии хоҷагӣ 2 гектарро ташкил дода, дар он 1 гектар пиёз ва 1 гектар сабзӣ кишт гардидааст. Дар хоҷагӣ се саҳмдор фаъолият дошта, бо истифодаи самараноки замин барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Ҳамчунин, раиси вилоят аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Раҷаббой» боздид намуданд. Масоҳати умумии хоҷагӣ 8,12 гектар буда, дар он 6 гектар пахта, 1 гектар гандум ва 1,12 гектар беда кишт шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар хоҷагӣ 8 саҳмдор фаъолият дошта, барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ саҳм мегузоранд.

Зимни боздид раиси вилояти Хатлон дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили гандум низ иштирок намуда, бо натиҷаҳои бадастомада аз наздик шинос шуданд. Ба иттилои масъулон, имсол аз майдони кишти гандум ҳосили хуб ба даст омада, ҷамъоварии он сари вақт ва мутобиқ ба талаботи агротехникӣ ҷараён дорад. Таъкид гардид, ки истифодаи дурусти замин, риояи муҳлатҳои кишт ва нигоҳубини босифати зироатҳо барои ба даст овардани ҳосили фаровон заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Раиси вилояти Хатлон аз фаъолияти кишоварзон ва нишондиҳандаҳои ҳосилнокӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулон ва деҳқонон ҷиҳати истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда, густариши кишти такрорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таъмини бозор бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ маслиҳату дастурҳои мушаххас дод.

Таъкид гардид, ки идомаи корҳои ободониву созандагӣ, бунёди иншооти иҷтимоӣ ва рушди истеҳсолоти кишоварзӣ барои пешрафти иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун аҳамияти муҳим дошта, барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

About The Author

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *