Дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар Конференсияи вилоятии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлол ва нумӯи Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовин раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаи маориф, мудирони шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон, роҳбарони соҳаи тандурустӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, эмомхатибон ва фаъолон аз минтақаи Бохтари вилояти Хатлон иштирок доштанд.
Хуҷамурод Сафарализода декани факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назди ҳозирин атрофи нақши Пешвои миллат дар рушду нумӯи кишвар суханронӣ карданд.
Гуфта шуд, ки наҷоти миллати тоҷик дар рӯзҳои вазнин бахусус дар ҷанги таҳмилӣ дар шароити навин аз корнамоии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Дар шароите, ки ҳар як маҳал, ҳар як ноҳия, минтақа гурӯҳ ё ҳизби худро ташкил кардаву аз пайи манфиат талош мекарданд ва ба андешаи солим эҳтиром намегузоштанд, маҳз дар ин нобасомониҳо ба бахти миллати тоҷик роҳбари кордон ва ҷонисори миллат ба арсаи сиёсат омад.
Дар натиҷаи заҳмату талошҳои фарзанди фарзонаи миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурии мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба барқарор сохтани соҳаҳо рӯ ба рушд овард.
Ҳафт сол инҷониб дар ҷумҳурӣ Рӯзи Президент бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ба ин муносибат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат хонандагони муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои адабию фарҳангӣ доир месозанд. Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳо дар замири хонандагон сайқал додани меҳру муҳаббат ба Ватан, Модар ва муқаддасоти миллӣ буда онҳоро дар руҳияи хештаншиносӣ ба камол расонидан аст.
Таъкид гардид, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату шуҷоати нотакрор кишвари моро аз вартаи ҳалокату нобудӣ раҳонид. Халқи азияткашидаи тоҷикро сарҷамъ карда ҳазорон гурезаҳоро аз давлатҳои ҳамсоя ба ватан овард. Маҳз бо матонату кордонии роҳбари давлат харобаҳои ин кишвари ҷангзада обод ва сокинони ҷумҳурӣ ба рузгори тинҷу осуда расиданд.
Ба андешаи муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Фирдавс Холиқов дар дунё кишварҳои зиёде арзи ҳастӣ доранд, вале на ҳамаи онҳо сазовори Президенти мардумӣ мебошанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф кардааст, ки роҳбари давлати мо дар шароити вазнин ва дар ҳоле, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ иншооти бузурге ё боигарие Тоҷикистон ба мерос нагирифта буданд, рӯи кор омада буд. Таҷрибаи сулҳи тоҷиконро бисёре аз давлатҳои ҷаҳон омӯхта корбарӣ карданд.
Хомӯш кардани ҷанги хонумонсӯз, баргардонидани гурезаҳо аз давлатҳои ҳамсоя, таъмини амнияти онҳо, назорат аз болои вазъ дар минтақаҳои кишвар ва ҳалли бисёр масъалаҳои доғи рӯз аз Сарвари давлат матонату қаҳрамонӣ, ҷонисориҳои беназир талаб мекард.
Дар ҷамъомади мазкур таъкид гардид, ки дар ҳақиқат Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсатмадореро ба арса овард, ки ин миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз вартаи нобудӣ наҷот дод.
Дигар баромадкунандагон аз ҷумла раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода ва шоир Амиршоҳи Хатлонӣ аз корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ карда, ҳадаф аз таҷлили Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арҷгузорӣ ба хизматҳои шоён ва корномаи беназири роҳбари давлат маънидод карданд.













