Имрӯз иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» ба шаҳристони Ҳулбуки ноҳияи Восеъ сафар карда, бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар ин мавзеъ шинос мешаванд. Инчунин дар ин рӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Восеъ филми мустанади «Хутали қадим» муаррифӣ мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамоиш аз 10 то 14 майи соли 2026 бо дастгирию ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад.
Меҳмонону иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалӣ дар ин рӯз ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон сафар карда, бо мавзеи таърихӣ-табиии Кулдара, Осорхонаи асри санги Ховалинг ва осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия шинос мегарданд. Меҳмонони ҳамоиш дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» дар ин ноҳия иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки 11 май дар шаҳри Бохтар Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» расман оғоз гардид.
Дар ҳамоиш олимон, муҳаққиқон, таърихшиносон, бостоншиносон ва меҳмонон аз дохил ва хориҷи мамлакат иштирок намуда, доир ба таърихи Хутал, нақши он дар ташаккули забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақа маъруза ва мусоҳибаҳо анҷом доданд.
Ҳадаф аз баргузории симпозиуми сатҳи баланди илмӣ он аст, ки бояд мо таърихи халқу миллатро аз умқи таърих, яъне аз давраҳои асри санг то давраи муосир ҳамаҷониба нишон дода тавонем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ низ бояд дар сатҳи хубу хотирмон бо муаррифии таърихи миллати тоҷик ба ҷаҳониён доир гардад. Объектҳое, ки дар номинатсияи Хутали Қадим нишон дода шудаанд, фарогири тамоми таъриху фарҳанги миллат набуда, балки ҷузъи таркибии таъриху фарҳанги миллатро нишон медиҳанд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода иброз намуд, ки баргузории ҳамоиш ба васеъ муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар намунаи таъриху фарҳанги Хутали Қадим равона гардидааст. Зеро он оғоз аз ҳазораи асри санг, яъне аз давраи неолит бо канда нашудан, яъне бо пайвастагии силсилаи хронологияи таърихӣ то ба давраи имрӯз расидааст. Дар қатори нишони додани таъриху фарҳанги миллӣ ҳамчунин бояд таваҷҷуҳи хоссаи олимони ватаниву хориҷӣ, хусусан ҷавонону наврасон ба шиносоӣ бо таърихи пурғановат ва фарҳанги миллати тоҷик ҷалб карда шавад. Барномаи ҳамоиш баргузории нишастҳои илмӣ, боздид аз ёдгориҳои таърихӣ ва чорабиниҳои фарҳангиро дар бар мегирад.












