4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Ҷайҳун, Ховалинг, Восеъ ва Абдураҳмони Ҷомӣ таъингардидаро барои суҳбат қабул намуданд.

Бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

— Саидзода Тоҷиддин Саид – муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун;

-Табарзода Валӣ Саидхон – муовини якуми раиси ноҳияи Ховалинг;

-Неъматзода Фарзона Изатулло – муовини раиси ноҳияи Восеъ;

-Қосимӣ Назокат Шералӣ – муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳисоби кадрҳои кордону варзида ва ҷавону ояндадор таъин гардиданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дастур доданд, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ поквиҷдонона ва бо садоқат ба арзишҳои миллӣ муносибат намуда, баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат кӯшиш намоянд.

Таъкид гардид, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд аз ҳарвақта дида ҷиддитару бомасъулият ба кор муносибат намуда, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ нисбат ба зердастон серталаб бошанд.

About The Author

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *