Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни Дастаи таъиноти махсуси милитсияи вилояти Хатлон пас аз садо додани Суруди миллӣ ҷамъомади бошукӯҳ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам Раҳим, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, генерал-майори милитсия Нозимзода Файзулло Ватан, раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони дастгоҳи марказии РВКД дар вилоят, собиқадорон ва ҳайати шахсии ДТММ иштирок доштанд.
Сараввал табрикоти Раиси вилояти Хатлонро муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам Раҳим ба ҳайати кормандони Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД дар вилояти Хатлон расонид.
Таъкид гардид, ки Раёсати Вохидҳои таъиноти махсуси Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои хизматии худ ва супоришҳои давлату миллатро ҳамеша сарбаландона иҷро менамоянд, зеро ин ниҳоди қудратӣ дар ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти ҷомеа ва таҳкими оромиву суботи кишвар нақши хоса доранд.
Дар идома сардори Раëсати ВКД дар вилояти Хатлон, генерал-майори милитсия Нозимзода Файзулло Ватан иброз доштанд, ки кормандони Дастаи таъиноти махсуси ВКД дар вилояти Хатлон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун мавқеи хоси худро гузошта, вазифаю уҳдадориҳои хизматиро содиқона ва софдилона иҷро намуда, ҳифзи марзу бум, дастовардҳои истиқлолият ва амнияти сокинони кишварро бо сарбаландӣ таъмин менамоянд.
Дар ҷараёни чорабинии тантанавӣ кормандони дастаи мазкур барои хизматҳои содиқона ба халқу Ватан бо медалу нишон, Ифтихорномаҳои фахрӣ, Сипосномаҳо ва туҳфаҳои арзишнок дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардиданд. Аз ҷониби кормандони ДТММ гузашти низомӣ сурат гирифт.













