4 январ зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри Кӯлобро ифтитоҳ намуданд.
Бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст, воқеъ деҳаи Панҷосиёб бунёд гардидааст.
Тибқи маълумот фармоишгари иншоот Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз ҷониби Бонки исломии Рушд ба маблағи умумии 5 миллиону 614 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 синфхона мебошад. Масоҳати умумии қитъаи замини муассиса 2,0 гектарро ташкил медиҳад. Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶСК “Шаҳрофар” таҳия гардида, пудратчии он ҶДММ “Махсус” мебошад.
Ҳоло дар муассисаи мазкур 847 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 52 нафар омӯзгорон кору фаъолият мекунанд.
Сарвазири мамлакат бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, аз онҳо хониши аъло ва таълиму тарбияи босифатро талаб намуданд.
Омӯзгорону хонандагон аз ғамхориҳои беназири Сарвари маорифпарвари мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароити муосир дар таълиму тарбия саҳми бештар хоҳанд гузошт.
Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон аз мавзеи харобгардидаи дарёчаи “Кӯлоб”, воқеъ дар деҳаи Лағмони ҷамоати деҳоти Кӯлоб боздид намуданд.
Дарёчаи “Кӯлоб” аз ҷамоати деҳоти Зиракӣ сарчашма гирифта, дар ноҳияи Восеъ ба дарёи Ёхсу мерезад. Иншооти мазкур ба дарозии 25 километр тӯл кашида, аз ҳудуди шаҳри Кӯлоб бо дарозии 7,5 км гузашта, барои обёрӣ намудани заминҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Кӯлоб, ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ ва гузаронидани обҳои сою селпартобҳои Сангпар, Сойи Тебалай, Девонасой, Шураксой, сойи Шулулу ва сойи Ғарабдара хизмат мерасонад.
Дарёчаи мазкур дар вақти боронгариҳои тирамоҳу баҳори солҳои гузашта, зиёда аз 5,5 км садҳои муҳофизатиаш аз ҳарду тараф хароб гаштаааст. Дар ҳолати рахнашавӣ эҳтимоли ба аҳолӣ ва заминҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Кӯлоб ва Зарбдор зарари калон мерасонад.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулонро ба тоза нигоҳ доштани ҷӯйҳо, каналҳо ҷалб намуда, таъкид карданд, ки тоза нигоҳ доштани ҷӯй ва заҳбурҳо, каналҳо ва роҳҳои дигари обгузар, мустаҳкам нигоҳ доштани соҳили рӯдхонаҳо ва кӯлҳо, мустаҳкам кардани сарбандҳо шарти асосии эминӣ аз хатари сел мебошад.
Зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон дар маҳаллаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб Маркази таълимии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки фармоишгари иншоот Гадоев Авазхон мебошад. Бинои мазкур ба маблағи умумии 2,5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Иншооти мазкур аз 3 ошёна иборат буда, зиёда аз 20 нафар ба кор ҷалб карда шудаанд.
Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ “Идриси Ҷаҳон” таҳия гардида, корҳои сохтмонии иншооти мазкур соли 2019 оғоз гардидааст.
Гуфта шуд, ки айни замон дар иншоот корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расонида шудааст.
Сарвазири мамлакат зимни боздид аз имконоти муассиса ва фаъолияти марказҳо таъкид намуданд, ки бо истифода аз чунин шароит ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад.
Дар ҳамин рӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон аз рафти корҳои татбиқшавии Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб” дар мавзеи “Тебалай” боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки мӯҳлати татбиқи лоиҳа солҳои 2021-2025 буда, сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва маблағи умумии лоиҳа 16,250 млн. евро мебошад. Сарчашмаҳои маблағгузорӣ: Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд – 15 млн. евро, қарз: 7,5 млн. евро, грант: 7,5 млн. евро ва гранти техникӣ: 1,25 млн. доллари амрикоӣ мебошанд. Гуфта шуд, ки фоизи иҷроиш аз аввали татбиқи лоиҳа 20%-ро дар бар мегирад.
Дар доираи лоиҳаи мазкур корҳои сохтмони шоҳқубур аз обанбор то ҳавзҳои оби тоза, сохтмони шоҳқубури худҷоришаванда, барқарорсозӣ ва васеъ намудани шабакаҳои обтақсимкунӣ, сохтмон ва барқарорсозии шабакаҳои канализатсия, сохтмон ва азнавсозии истгоҳҳои насосии об, харидорӣ ва насби ҳисобкунакҳои обӣ, гузаронидани тадқиқоти гидрогеологӣ, барқарорсозии обанборҳо, ҳавзҳо ва харидории техникаҳои махсуси коммуналӣ ба анҷом расонида мешавад.
Айни замон дар доираи лоиҳаи мазкур барои иҷрои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони истгоҳҳои нави насосии барориши 2-юм ва 3–юм бо ширкати ҶДММ “Хуршеди Хоразм” ба маблағи 5 277 910,85 евро; сохтмон ва барқарорсозии шабакаҳои канализатсионӣ ва коллекторҳо бо ширкати ҶДММ “Асил сохтмон” ба маблағи 1 470 700,65 евро; барқарорсозии иншоотҳои тозакунии канализатсионӣ бо ширкати ҶДММ “Маҳмадшариф” ба маблағи 1 079 896,68 евро шартномаҳои дахлдор ба имзо расонида шуда, дар рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ аз тарафи се пудратчии навинтихобшуда оғоз мегардад.
Зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон манзилҳои истиқоматӣ барои оилаҳои осебдидаи садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар шаҳри Кӯлобро ба истифода доданд.
Дар маҳаллаи Дӯстии шаҳри Кӣлоб барои 4 оилаи осебдидаи садамаи нақлиётии дар шаҳри Кӯлоб рухдода аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи Бозори Сомониёни шаҳр тибқи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хонаҳои истиқоматӣ сохта шуданд.
Хонаҳои мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (1 хона), шаҳри Кӯлоб (1 хона), масҷидҳои ҷомеъ (1 хона) ва Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб (1 хона) сохта шудаанд.
Манзилҳои истиқоматии сохташудаи МИҲД-и вилояти Хатлон ба оилаи осебдида Ёров Сафармад, МИҲД-и шаҳри Кӯлоб ба оилаи осебдида Ёров Ҷумахон, масҷидҳои ҷомеъ ба оилаи осебдида Ёров Шамсулло ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба оилаи осебдида Ҷононова Қурбонбӣ супорида шуданд. Хонаҳо аз 3 ҳуҷра ва дигар иншоотҳои ёрирасон иборат мебошанд. Майдони умумии манзилҳои истиқоматӣ дар масоҳати 0,04 гектар сохта шуда, масоҳати умумии сохтмони онҳо 71,3 м2-ро ташкил медиҳанд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар садамаи нақлиётии мудҳише, ки шоми 6 августи соли 2023 дар назди бозори «Сомониён»-и шаҳри Кӯлоб ба вуқуъ пайваст, 10 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин, 11 нафари дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуда буданд.
Зимни суҳбат бо сокинони зарардида Сарвазири мамлакат аз онҳо даъват намуданд, ки ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода набошанд, зеро давлату ҳукумат ҳамеша дар паҳлуи шаҳрвандонаш мебошад.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои садамаи нақлиётӣ ва сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхориҳо зоҳир гардида, ҷараёни корҳои бунёдкориву ободонӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат қарор дошт.
Аз ин амалҳои башардӯстонаи Роҳбарияти олии кишвар, сокинони зарардида изҳори хушнудӣ намуда, ҷиҳати дастгирӣ ва расонидани кӯмакҳои инсондӯстона ба Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.












