Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 53-юми Шурои вазирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони мақомоти нақлиёти давлатҳои аъзои созмон, намояндагони маъмуриятҳои роҳи оҳан, созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои коршиносон иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ дар ифтитоҳи кори ҷаласа баргузории ҷаласаи 53-юми Шурои вазирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳанро дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, рушди долонҳои нақлиётии Авруосиё, баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаи нақлиёт ва таъмини рушди устувори ҳамлу нақли роҳи оҳанмуҳим арзёбӣ намуд.
Ҷаласаи имсола ба 70-солагии таъсиси Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан бахшида шуда, дар доираи он масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардиданд.
Зимни ҷаласа таъкид шуд, ки Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан дар давоми солҳои фаъолият дар таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратии давлатҳои Аврупо ва Осиё, рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва тавсеаи долонҳои нақлиётӣ саҳми назаррас гузоштааст.












