Дар толори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир гардид.
Ҷаласаро муовини раиси вилоят Файзуллозода Заробиддин оғоз намуда ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа шинос намуданд. Дар ҷаласа раисони комиссияи шаҳру навоҳии вилоят, сардорони шуъбаҳои Бозрасии давлатии автомобилии шаҳру ноҳия ва сардорони шуъбаиҳои Муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгард ва дигар намояндагони сохторҳои дахлдор ширкат намуданд. Гуфта шуд, ки дар асоси мактуби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 6 уми марти соли равон таҳти рақами 5 протоколи ҷаласаи Комиссияи оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҳама сохторҳои мутассадӣ ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоии вилоят ирсол шуда буд. Вале таҳлилҳо нишон доданд, ки дар шаҳру навоҳии вилоят ҷаласаҳои комисияи бехтарӣ саривақт гузаронида нашуда аз саҳлангорӣ ва фаъолияти ғақриқаноатбахши Комисияҳои шаҳру ноҳияҳо дар 13 шаҳру ноҳияи вилоят шумораи садамаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Зимни баромадҳо қайд гардид, ки давоми 9 моҳи соли равон дар ҳудуди вилоят 264 ҳодисаи нохуши нақлётӣ рух дода 187 фавт ва 278 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 78 фавт ва 57 ҷароҳатбардошта зиёд мебошад. Ҳамчунин изҳор шуд, ки аксари садамаҳои нақлётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон рух дода аз надонистани талаботҳои одии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба вуқуъ пайвастааст, ки мебояд дар муассисаҳои таълими ҷиҳати ин масъала чораҷӯии амиқ намоянд. Дар бештари ҳолат сабабҳои сар задани ҳодисаҳои нақлётӣ ин ба талабот ҷавобгӯ набудани ҳолати роҳу кӯчаҳо, воситаҳои техникии танзими ҳаракат дар роҳ, ҳолати техникии воситаҳои нақлёт, дониши номукамал, маҳорати пасти касбии ронандагон, кам будани роҳҳои зеризаминӣ, роҳҳои пиёдагард, аломатҳои техникии танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ, махсусан ба миқдори зарурӣ мавҷуд набудани чароғакҳо ва дар ҳолати паст қарор доштани сатҳи оммафаҳмонӣ миёни аҳолӣ маҳсуб меёбад. Муовини раиси вилоят ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта аз раисони комисиҳои шаҳру ноҳия даъват ба амал овард, ки дар ин заиина корро ҷоннок намоянд. Иброз шуд, ки дар вилояти Хатлон 10 ҳазору 559 километр роҳҳо мавҷуд буда, аз ин шумора дар мувозинати Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои вилоят 5424 километр роҳҳо дохил мешавад, ки аз он 816 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ, 779 км роҳҳои байналмилалӣ ва 3839 км роҳҳои маҳалиро ташкил дода аз ин шумора 218 км роҳҳои байналмилалӣ, 240 км роҳҳои ҷумҳурияивӣ ва 1968 км роҳҳои маҳаллӣ таъмирталаб мебошад. Сари вақт ҷудо нагардидани маблағ дар бисёр шаҳру ноҳияҳо яке аз сабабҳои дар ҳолатӣ харобӣ қарор доштани роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳалӣ мебошад, гуфта шуд дар ҷаласа.
Зикр гардид, ки аз ҷониби Раёсатҳои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлёти минтақаҳои Бохтару Кӯлоб корҳои муаяне ба анҷом расидааст. Вале то ҳанӯз тамбашавӣ дар атрофи бозорҳои марказии шаҳру ноҳияиҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Шаҳритус, Қубодиён, Дӯстӣ, Панҷ, Восеъ, Вахш, А. Ҷомӣ, ва Данғара ҷой дорад, ки аз ҳамкории нокифояи раёсатҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт ва дигар сохторҳои марбута маҳсуб меёбад. Дар анҷом муовини раиси вилоят таъкид намуд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда чораҷуӣ намуда, раисони камисияи шаҳру навоҳӣ то давраи ҳисоботии навбатӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонида ҳисобот пешниҳод намоянд. Дигар масоили мубрами соҳа дар ҷаласа мавриди баррасии амиқ қарор ёфт.













