Роҳбар

САФАРЗОДА Фарҳод Шарифхон 26.03.1990 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро соли 2012 аз рӯи ихтисоси рӯзноманигори байналмилалӣ хатм намудааст. Соли 2014 зинаи магистратураро дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси ҳуқуқшиноси байналмилалӣ хатм кардааст. Аз соли 2020 то соли 2023 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи милли Тоҷикистон (ғоибона) таҳсил намуда, онро ба сифати маълумоти дуюм соли 2023 ба поён расонидааст. Соли 2024 сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии «Телевизиони Тоҷикистон» кор кардааст. Сафарзода Фарҳод Шарифхон аз моҳи январи соли 2025 то инҷониб дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон ба ҳайси сардори Идора фаъолият менамояд.

Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро дар «Шабакаи якум»-и телевизиони Тоҷикистон оғоз намуда, дар вазифаҳои гуногун аз ҷумла муҳаррири хурд, муҳаррири идораи барномаҳои «Субҳ»-и «Шабакаи якум»-и телевизиони Тоҷикистон, сармуҳаррири идораи барномаҳои «Субҳ», сармуҳаррири идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои «Субҳ», сармуҳаррири идораи барномаҳои «Субҳ», муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилӣ, сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии «Телевизиони Тоҷикистон» фаъолият намудааст.

         Сафарзода Фарҳод Шарифхон давоми фаъолияти пурсамари кориаш дар телевизиони Тоҷикистон тавонистааст, ки ба ҳайси яке аз рӯзноманигорони  бомаҳорату нуктадон шинохта шавад ва бо пешниҳоди барномаҳои пурмазмуну ҳадафрас дар таҳкими пояҳои давлатдории мустақили миллӣ, таҳкими истиқлолият, ҳифзи арзишҳои милливу давлватӣ, тарғибу ташвиқи сиёсати хирадмандона ва ободкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон саҳми арзанда гузорад.

          Мавсуф аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, меҳнати садоқатмандонааш дар соҳаи рӯзноманигорӣ бо нишони «Аълочии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва чандин медалу ифтихономаву сипосномаҳои соҳавӣ қадр гардидааст.

          Барномаҳои “Аз табори Хуршед” (дар бораи нухбагони илму адаб ва фарҳангу ҳунар, аз ҷумла Бозор Собир, Одина Ҳошим, Ғоиб Сафарзода, Абдулло Назриев, Дӯстмурод Алиев) бо муаллифии Фарҳод Сафарзода таҳия ва пешниҳод гардидаанд.

         Муаллифи барномаҳои “Чеҳраҳои мондагор” ва “Тоҷикон дар ойинаи таърих” аз рӯйи асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Телевизиони Тоҷикистон” мавсуф мебошад.

        Филҳои ҳуҷҷатии “Забони миллат – ҳастии миллат” (дар такя ба мадракҳои китоби “Забони миллат – ҳастии миллат-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон”), “Пешвои созанда ва иншооти сарнавиштсоз” дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба набзи корҳои сохтмонӣ дар НБО Роғун ва аҳаммияти сарнавиштсоз доштани он), “Конститутсия – ҳуҷҷати сарнавиштсоз”, “Ливои ифтихор” “Истиқлолият – рамзи ободиву озодӣ” ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

       Барномаҳои махсуси калонҳаҷм ва ҷашнӣ оид ба Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наврӯзи байналмилалӣ, Сада, Меҳргон, Тиргон, аҳаммияти таърихии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистн, дар бораи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ва ғайра дар жанрҳои гуногун таҳия ва пешниҳод намудааст. 

     Тарғибу ташвиқи сиёсати роҳбарияти сатҳи олии мамлакатро вазифаи аввалиндараҷа ҳисобида, сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти ҳамарӯзаи хеш, дар дохил ва берун аз кишвар ҷонибдорӣ ва пуштибонӣ менамояд.

 

Моҳ ва соли

 

Вазифа ва номи пурраи

ҷойи кор

Сабаби аз кор рафтан

 

ба кор дохил шудан аз кор

хориҷ

шудан

06.2013

 

01.2014 Муҳаррири хурди идораи барномаҳои «Субҳ»-и «Шабакаи якум»-и телевизиони Тоҷикистон, шаҳри Душанбе Бо тариқи таъинот
01.2014

 

 

01.2018 Муҳаррири идораи барномаҳои

«Субҳ»-и «Шабакаи якум»-и телевизиони Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Ба тариқи гузариш
01.2018

 

 

01.2019 Сармуҳаррири идораи барномаҳои «Субҳ»-и «Шабакаи якум»-и телевизиони Тоҷикистон, шаҳри Душанбе Ба тариқи  гузариш
01.2019 01.2021 Сармуҳаррири идораи барномаҳои  фарҳангӣ-фароғатии «Шабакаи якум»-и телевизиони Тоҷикистон, шаҳри Душанбе Ба тариқи  гузариш
01.2021 04.2023 Сармуҳаррири идораи барномаҳои «Субҳ»-и «Шабакаи якум»-и телевизиони Тоҷикистон, шаҳри Душанбе Ба тариқи гузариш
04.2023 04.2024 Муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии «Шабакаи якум»-и телевизиони Тоҷикистон, шаҳри Душанбе Ба тариқи гузариш
04.2024 01.2025 Сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии «Шабакаи якум»-и телевизиони Тоҷикистон, шаҳри Душанбе Ба тариқи гузариш
21.01.2025 то ҳоло Сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар Бо тариқи таъинот