Имрӯз, 14 март, дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ Маркази савдо ва толори варзишӣ ба истифода дода шуд. Дар расми ифтитоҳи иншооти мазкур раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок намуданд.
Маркази савдои «Дӯстӣ» бинои дуошёна буда, дар қабати якуми он мағозаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва ашёи рӯзгор ҷойгир мебошад. Дар қабати дуюм соҳибкори маҳаллӣ тасмим гирифтааст, ки фурӯши таҷҳизоти техникиро ба роҳ монад. Дар зербинои иншоот толори варзишӣ бо лавозимоти муосир мавҷуд буда, барои наврасону ҷавонон шароити мусоиди машқу тамрин фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин, дар ин ҷо толори варзишии дигар низ фаъолият хоҳад кард, ки барои омода кардани наврасону ҷавонон аз рӯи намуди гӯштини миллӣ пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи масъулин, толорҳои варзишӣ дар ду баст фаъолият намуда, дар ҳар баст то 30 нафар метавонанд ба машқу тамрин машғул шаванд.
Иншооти мазкур дар масоҳати умумии тақрибан 2,5 сотих замин бо харҷи беш аз 750 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Ҳамзамон, бо мавриди истифода қарор гирифтани Маркази савдои «Дӯстӣ» 8 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муайян таъмин шуданд.
Зимни боздид аз Маркази савдо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба соҳибкори маҳаллӣ тавсия доданд, ки сатҳу сифати хизматрасониро баланд бардошта, фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи аҳолӣ ба роҳ монанд.
Татбиқи чунин иқдомҳо дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ на танҳо барои беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ, балки барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунад.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулон ва соҳибкорони маҳаллӣ таъкид намуданд, ки чунин иншоотҳо бояд на танҳо барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, балки барои рушди соҳибкории хурду миёна ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ мусоидат намоянд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.
Бо мақсади ҷалби бештари сокинон ба фаъолияти варзишӣ ва рушди гӯштини миллӣ масъулин вазифадор шуданд, ки шароити муосири тамринро фароҳам оваранд ва мураббиёни ботаҷрибаро ҷалб намоянд. Қайд карда шуд, ки ташкили чунин толорҳо барои таъмини солимии ҷавонон ва омода намудани варзишгарони касбӣ мусоидат хоҳад кард.