14 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар хоҷагии деҳқонии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз фаъолияти кишоварзон ва рафти киштукор дар саҳро огоҳ гардида, ба маъракаи кишти пахта оғоз бахшиданд.
Таъкид гардид, ки деҳқонону кишоварзон ҷиҳати риояи дурусти агротехникаи парвариш ва дигар омилҳои саҳроӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.
Хоҷагии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегов (собиқ колхози “Комунизм”) дар солҳои 20–уми асри гузашта ҳамчун хоҷагиҳои хурд-хурд арзи ҳастӣ намудааст. Соли 1960 колхози “Коммунизм” ва “Калининобод” якҷоя карда шуда, як хоҷагии калонро ташкил намуданд, ки сарварии ин колхозро Ниёзмуҳаммад Бегов ба уҳда гирифт ва то соли 1986 онро роҳбарӣ менамуд. Ин марди корозмуда ва заҳматкаш тавонист хоҷагиро обод намуда, дар давоми 30 соли роҳбарияш як хоҷагии назарногирро ба як хоҷагии ободу зебоманзар ва овозадор табдил диҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар хоҷагӣ тамоми намуди маҳсулотҳои кишоварзӣ кишт карда мешавад. Асоси кори хоҷагиро пахтакорӣ ва чорводорӣ ташкил медиҳад. Хоҷагии мазкур 1506,67 гектар заминро фаро гирифта, 2100 саҳмдор дорад.
Аз ин ҳудуд дар майдони умумии 216 гектар ғалладонагӣ, аз ҷумла 172 гектар гандум, 5 гектар ҷав, 39 гектар ҷуворимакка, 32 гектар картошка, 24 гектар полезӣ, 87 гектар сабзавотҳо, 4 гектар офтобпараст, 2 гектар чормағзаки заминӣ ва дар майдони 131 гектар зироатҳои хӯроки чорво, аз ҷумла юнучқаи куҳна 110,67 гектар кишт карда мешавад.
Дар майдони 900 гектар бошад, ду навъи пунбадона кишт карда мешавад. Аз ҷумла, дар майдони 100 гектар пунбадонаи навъи хитоии «Р-1» дар зери плёнка ва дар майдони 800 гектар пунбадонаи навъи туркии «Мая-455» кишт карда мешавад.
Пахта аз маҳсулоти асосии содиротии давлат маҳсуб ёфта, сол то сол арзиши аслии маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ тамоюли болоравӣ дорад. Аз ин рӯ, раиси вилоят дастур доданд, ки кишоварзон тибқи нақша масоҳати кишти пахтаро васеъ карда, дар баланд шудани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ муваффақ гарданд.
Инчунин, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замин ва риояи қоидаҳои агротехникӣ, аз ҷумла коркарди саривақтии байни қаторҳо ва таъмин бо нуриҳои минералӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.
Сипас, раиси вилоят дар қисмати дигари ин хоҷагӣ бо нашъу намои картошка шинос шуданд.
Тибқи иттилои Раёсати кишоварӣ имсол дар ноҳия дар масоҳати 9935 гектар кишти як чанд намуди тухмиҳои хушсифату ба иқлим созгор гузаронида мешавад, ки аз ин 2 ҳазор гектарро кишти зери плёнка ташкил медиҳад.