Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» шуруъ аз пагоҳ, 14 март парвозҳоро аз Душанбе ба Бишкек оғоз менамояд.
Ин иқдом бо шарофати гуфтушуниди муваффақонаи Сарони ҳарду давлат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Бишкек доир гардид, амалӣ мешавад.
Барқарор намудани парвозҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмими муҳим дар таҳкими муносибатҳои дӯстона, инчунин робитаҳои иқтисодию фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад. Он ҳамзамон ба рушди сайёҳии ду давлати ҳамҷавор мусоидат менамояд.
Вақти парвоз аз Душанбе 14 марти соли 2025 соати 09:00, аз Бишкек соати 13:30 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.
Тавре интизор меравад, минбаъд шуруъ аз 23 март парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои якшанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 10:30 ва аз Бишкек соати 14:20 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба самти Бишкек 1 соату 30 дақиқа, дар самти баргашт 1 соату 20 дақиқаро ташкил медиҳад.
Итминон аст, ки ояндаи наздик ширкат парвозҳоро дар хатсайри Душанбе – Бишкек – Душанбе то ду парвоз дар як ҳафта- рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе анҷом диҳад. Парвозҳо ба тариқи ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 анҷом дода мешаванд.
«Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз саҳмгузорӣ дар таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон сарфароз мебошад. Мо аминем, ки оғози парвозҳо дар ин масир ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва интиқол байни давлатҳо мусоидат менамояд», — гуфт директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев.
Ҷадвали парвозҳоро мусофирон метавонанд дар сомонаи ширкати ҳавопаймоӣ www.somonair.com, инчунин дар нуқтаҳои фурӯш ва аз агентҳои фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо дастрас намоянд.