ТАҶЛИЛ АЗ 113 СОЛАГИИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

11 март, ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки беш аз 150 нафар собиқадори матбуот ва журналистони фаъоли вилояти Хатлон баргузор гардид.
Нахуст, муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат бо ҳамроҳонаш аз намоиши матбуоти даврии вилоят дидан карда, бо сармуҳаррирони ҳамаи рӯзномаю маҷаллаҳои маҳаллӣ доир ба вазъу ҳолати нашрия, таъминоти техникӣ ва кадрӣ, шароити кории онҳо дар алоҳидагӣ суҳбат кард.
Пасон, дар толори Маркази иттилоотии Кохи фарҳанг муовини раиси вилоят паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони матбуот расониданд.
Зикр гардид, ки ҷамъомади имрӯза ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик – иди касбии рӯзноманигорони мамлакат, рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба заҳмати пуршараф ва таъсирбахши намояндагони воситаҳои ахбори омма мебошад ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар симои ҳар як журналист ҳамкору ҳамандеш, ёвари беғараз, ҳомии арзишҳои миллӣ ва такягоҳи боэътимоди давлатро мебинад.
— Пеш аз ҳама, мехоҳам ба ҳар яки шумо барои ҳамкории хубу пурсамар бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят самимона миннатдорӣ баён намоям. Заҳмати шабонарӯзии кормандони воситаҳои ахбори омма ва аҳли эҷоди Хатлонзамин дар вазъи кунунии таҳавулоти геосиёсӣ ва бо суръати баланд тағйир ёфтани фазои иттилоотии ҷаҳонӣ аз ҷониби роҳбарияти вилоят баланд қадрдонӣ карда мешавад. Кормандони воситаҳои ахбори оммаи сатҳи маҳаллӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ ба халқу миллат хизмат намуданд, мо қадр мекунем ва аз онҳо сипосгузорем. Дар ҳақиқат, мо эҳсос мекунем, ки эҷодкорони вилоят ҳамеша аз манфиатҳои миллию давлатӣ пуштибонӣ намуда, дар муқобили таҳоҷуми иттилоотии ҳаракату гурӯҳҳои иртиҷоӣ муқовимати устувор нишон медиҳанд ва мардумро ба роҳи дуруст ҳидоят менамоянд, -гуфта шуд дар ҷамъомад.
Таъкид гардид, ки манфиатҳои миллии мо тақозо менамояд, ки кормандони воситаҳои ахбори омма барои муқовимат намудан ба ҳар гуна равандҳои номатлуб ва дифоъ намудани ҷомеа аз ин таҳдидҳо бояд дар сафи аввали мубориза бошанд. Баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар дили мардум ва ба ин васила дастгирии рушди анъанаҳои асил ва фарҳанги миллии мардуми Тоҷикистон аз вазифаҳои дигарест, ки воситаҳои ахбори омма дар асри ҷаҳонишавӣ бар дӯш доранд..
Ҳамасола озмуни ҷоизаҳои вилоятии ба номи «Носири Хусрав», Шамсиддин Шоҳин» ва “Соҳиб Табаров” миёни адибони вилоят натиҷагирӣ карда мешавад.
Ин навбат китоби “Сиёҳҷангал”-и Алимуҳаммад Муродӣ дар самти насри бадеӣ ғолиби Ҷоизаи адабии ба номи “Носири Хусрав”, маҷмуаи шеърҳои шоири шинохта, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулқаҳҳори Мусо бо номи “Орзӯи сабз” ғолиби Ҷоизаи “Шамсиддин Шоҳин” дар самти назм ва китоби Рустам Тағоймуродов бо номи “Назария ва нақди каломи бадеъ” соҳиби Ҷоизаи адабии “Соҳиб Табаров” гардиданд.
Пасон, маросими тақдими Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон “Неруи сухан” дар соли 2024 барои беҳтарин маводи журналистӣ барпо гардид. Қайд гардид, ки ба кумитаи тадорукоти озмун имсол беш аз 300 маводи журналистӣ пешниҳод шудааст.
Дар ҷамъомад инчунин ба як қатор собиқадорони матбуот, рӯзноманигорони фаъол Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.
Дар маҷмуъ, ҷоизаҳои раиси вилоят ба ғолибон дар ҳаҷми 52 000 сомонӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *