САФАРЗОДА Фарҳод Шарифхон 26.03.1990 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро соли 2012 аз рӯи ихтисоси рӯзноманигори байналмилалӣ хатм намудааст. Соли 2014 зинаи магистратураро дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси ҳуқуқшиноси байналмилалӣ хатм кардааст. Аз соли 2020 то соли 2023 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи милли Тоҷикистон (ғоибона) таҳсил намуда, онро ба сифати маълумоти дуюм соли 2023 ба поён расонидааст. Соли 2024 сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии «Телевизиони Тоҷикистон» кор кардааст. Аз 21.01.2025 сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон таъин гардид.
МАҲМАДАЛИЕВ Саидҷаъфар Сайвалиевич — 14.06.1980 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 2002 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси рӯзноманигор хатм намудааст. Аз соли 2006 то соли 2022 мухбири барномаҳои иттилоотии “Телевизиони Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон фаъолият намудааст. Аз соли 2022 инҷониб муовини аввали Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон.
Барои тамос: (83222) 31810
МАҲМАДИЕВ Муҳиддин Каримович 21.07.1982 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 2014 Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси “Автоматонии ҳаракатоварҳои барқӣ” хатм кардааст. Аз соли 2019 Директори Маркази техникии телевизион ва радиои вилояти Хатлон.
Барои тамос: (83222)27980
РАМАЗОНЗОДА Марҳабо Ғоиб – 9.02.1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро соли 2013 аз рӯи ихтисоси рӯзноманигор хатм намудааст. Аз соли 2014 муовини сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон.
Барои тамос: (83222)31820