Равобити неки ҳамсоягӣ ва дӯстии деринаи мардумони тоҷику қирғиз, ки тӯли қарнҳо шакл гирифтааст, имрӯз дар марҳилаи нави рушд қарор дорад. Дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон саҳифаҳои гуногун, аз ҷумла давраҳои мушкил низ ҷой доранд. Аммо хиради азалӣ, фарҳанги муштарак ва манфиатҳои ягонаи мардумони ду кишвар ҳамеша пирӯз омада, роҳи ҳалли масоили баҳснокро нишон додааст. Имрӯз, бо сиёсати хирадмандонаи роҳбарони давлатҳо ва иродаи қавии мардум, мо шоҳиди бозгашти эътимод, таҳкими дӯстӣ, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои судманди ду кишвари ҳамсоя ва ду миллати дӯсту бародар ҳастем.
Имрӯз, дар арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне Наврӯзи хуҷастапай, ки нишонаи покию садоқат, бахшишу таҳкими дӯстию бародарӣ аст, мо шоҳиди рӯйдодҳои муҳимме ҳастем, ки барои мардумони тоҷик ва қирғиз умедҳои нав мебахшанду дари муҳаббату садоқат ва дӯстию бародариро ба рӯй якдигар мекушояд. Боз шудани сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ ва созишҳои мутақобила ба даст омад, қадами устувор дар роҳи рафъи монеаҳо ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба мебошад.
Боз шудани сарҳад на танҳо барои рафтуомади озодонаи шаҳрвандон, балки барои рушди иқтисодиёт, густариши тиҷорат ва табодули фарҳангӣ имкониятҳои нав мекушояд. Мардуми ду кишвар метавонанд дубора бо хешовандон ва дӯстони худ дидорбинӣ кунанд, дар бозорҳои ҳамдигар маҳсулоти худро харидуфурӯш намоянд ва аз фарҳангу ҳунари ҳамдигар баҳраманд гарданд. Ҳамчунин дар раванди неки ҳамсоядорӣ ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва сайёҳӣ метавонад ба рушди иқтисодиёти ҳар ду кишвар такони ҷиддӣ бахшад. Татбиқи лоиҳаҳои муштараки байнидавлатӣ дар самтҳои мухталиф на танҳо барои иртиботи байни минтақаҳо, балки барои таъмини амнияти озуқавории ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Боз шудани сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ин саҳифаи нав дар таърихи ду кишвари ҳамсоя мебошад. Ин имкониятро бояд ғанимат донист ва барои бунёди ояндаи дурахшон, сулҳу субот ва ҳамкории судманд дар минтақа истифода кард. Мардумони тоҷик ва қирғиз сазовори зиндагии осоишта ва шукуфон мебошанд ва муносибатҳои дӯстона метавонанд ба ин ҳадаф мусоидат намоянд.
Талошҳои сиёсӣ, мулоқоту суҳбатҳои дипломатӣ натиҷа доданд, муносибатҳо дар сатҳи нав ба роҳ монда шуданд. Акнун сокинонро лозим аст, ки барои таҳкими ин муносибатҳои дӯстона саҳмгузорӣ намуда, бо истифодаи фарҳанги неки ҳамсоядорӣ ва дӯстию ҳамҷаворӣ бо рӯҳияи солиму дӯстона умр ба сар баранд.
ПОЯНДА БОД, ҲАМДИЛӢ ВА ВАҲДАТУ ОСОИШТАГИИ ХАЛҚҲО!
Сармуҳаррири Телевизиони Хатлон —
Каримзода Муҳаммадҷон