Таърих борҳо собит намудааст, ки муносибатҳои дӯстона байни миллатҳо ва давлатҳо омили муҳими сулҳу субот ва пешрафт маҳсуб меёбад. Ин мафҳум на танҳо муносибати самимӣ ва эҳтироми байни инсонҳоро ифода мекунад, балки ҳамчун пояи асосии ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ дар ҷомеа хизмат мекунад.
Барқарор гардидани муносибатҳои дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз рӯйдоди таърихиест, ки орзуи ҳазорҳо нафар мардуми ин ду кишвари дӯсту бародар буд.
Мехоҳам аз мисраҳои шоир ва мутафаккир Абдураҳмони Ҷомӣ ёд кунам, ки дӯстиро аз арзишҳои олӣ ва пойдории инсонӣ дониста дар фарҳанг ва адабиёти тоҷик низ ба он мавқеи хосса додааст:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Дар гузашта низ шоирону нависандагони мо дӯстиро ҳамчун арзиши бебаҳо ситоиш намуда онро бо мафҳумҳои садоқат, вафо ва ҳамдилӣ пайванд додаанд. Ин байт шаҳодат аз он медиҳад, ки дӯстӣ мисли дарахтест, ки меваҳои ширин медиҳад, дар ҳоле ки душманӣ мисли ниҳоле аст, ки танҳо ранҷу азоб меорад. Барқароршавии муносибатҳо байни ду кишвари дӯсту бародар Тоҷикистону Қирғизистон аз иқдомҳои инсондӯстона ва хирадмандони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда ин амал дарси сиёсати хирадмандонаву оқилонаи роҳбари давлатро ба ҷаҳон нишон медиҳад.
Коршиносон бар ин андешаанд, ки вақте кишварҳо бо ҳам муносибатҳои дӯстона барқарор мекунанд, онҳо метавонанд мушкилоти муштаракро осонтар ҳал намуда, ба рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии худ мусоидат намоянд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки Тоҷикистону Қирғизистон равобитҳои дӯстонаи даҳсолаҳои пешро боз идома медиҳанд, ки ин таърихсозӣ барои насли оянда низ мояи ифтихор ва шарафмандӣ хоҳад буд. Паванди дӯстӣ миёни ҳарду кишвар ба беҳтарсозии инфрасохтор баҳри рафтуомади озоди шаҳрвандон ва соҳибкорон, мустаҳкам гардидани робитаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, дар ин замина чорабиниҳои фарҳангӣ ва мубодилаи таҷриба миёни ҷавонон, донишҷӯён ва зиёиёни ҳарду кишвар ба роҳ монда мешавад.
Дигарбора пайванд гардидани равобити ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҳамдигар бо ҳамсоякишварамон Ҷумҳурии Қирғизистон бори дигар нишон дод, ки дӯстию бародарӣ барои инсоният хеле муҳим аст, чун дӯстӣ ҳамчун арзиши олӣ ва асоси мустаҳкам гардидани муносибатҳои инсонӣ пазируфта шудааст.
Зеваршоҳ Ғозиев-
сармуҳаррири шӯъбаи ҷавонон ва варзиши Телевизиони Хатлон