БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ

12 март, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум таҳти раёсати Давлаталӣ Саид — раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси вилоят, баргузор гардид.
Дар иҷлосия муовини якуми раиси вилоят, муовинон, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, вакилон, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, фаъолон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
1. Ахбороти Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум.
2. Дар бораи тасдиқ намудани Дастури Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум.
3. Дар бораи ташкил намудани комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум.
4. Дар бораи тасдиқ намудани ҳайат ва Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум.
5. Дар бораи пешбарии номзад ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
6. Дар бораи пешниҳоди намояндагони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барои иштирок дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо оид ба интихоботи аъзоёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Масъалаҳои ҷорӣ.
Нахуст раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Давлаталӣ Саид иҷлосияро ҳусни оғоз бахшиданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия «Ахбороти Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум» раиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Қурбонзода Қурбоналӣ шунида шуд.
Сипас дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят баъди тасдиқи ваколатҳояшон дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ савганд ёд намуданд.
Оид ба масъалаи панҷуми рӯзномаи иҷлосия «Дар бораи пешбарии номзад ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Анзурат Абдусаломзода — вакил аз ҳавзаи интихоботии Кӯшониён №15 суханронӣ намуда, номзадии Давлаталӣ Саидро ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.
Дар асоси Дастури Маҷлиси вакилони халқ барои гузаронидани овоздиҳии пинҳонӣ Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба пешбарии номзад ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дода шуд. Мирзозода Музафар — раиси Комиссияи баҳисобгирии овозҳо натиҷаи овоздиҳиро мувофиқи протоколҳои Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба пешбарии номзад ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи вакилон расонд ва дар натиҷаи ба даст овардани 66 овоз Давлаталӣ Саид ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Давлаталӣ Саид вакилонро ба муносибати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон интихоб гардиданашон сидқан табрик намуда, дар кор ва фаъолияти пурмасъули вакилиашон, ки баҳри рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии вилоят ва ба баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум нигаронида шудааст, муваффақиятҳо таманно намуданд.
Таъкид гардид, ки барои арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, таҳкими устувори суботи сиёсӣ дар ҷомеа, пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазои худро гузоранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *