Муҳтарам аҳли қалам,
Cобиқадорони матбуот, рӯзноманигорони гиромӣ!
Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола дар фасли зебои баҳор таҷлил мегардад, ба ин муносибат рӯзноманигорон, ноширон ва тамоми кормандони воситаҳои ахбори оммаро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, барояшон комёбиҳои эҷодӣ ва рӯзгори хушу осударо таманно дорам.
Пеш аз ҳама, мехоҳам ба ҳар яки шумо барои ҳамкории хубу пурсамар бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят самимона миннатдорӣ баён намоям.
Заҳмати шабонарӯзии кормандони воситаҳои ахбори омма ва аҳли эҷоди Хатлонзамин дар вазъи кунунии таҳавулоти геосиёсӣ ва бо суръати баланд тағйир ёфтани фазои иттилоотии ҷаҳонӣ аз ҷониби роҳбарияти вилоят баланд қадрдонӣ карда мешавад.
Кормандони воситаҳои ахбори оммаи сатҳи маҳаллӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ ба халқу миллат хизмат намуданд, мо қадр мекунем ва аз онҳо сипосгузорем. Дар ҳақиқат, мо эҳсос мекунем, ки эҷодкорони вилоят ҳамеша аз манфиатҳои миллию давлатӣ пуштибонӣ намуда, дар муқобили таҳоҷуми иттилоотии ҳаракату гурӯҳҳои иртиҷоӣ муқовимати устувор нишон медиҳанд ва мардумро ба роҳи дуруст ҳидоят менамоянд.
Бояд зикр намоям, ки танҳо дар давоми соли 2024 вобаста ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии вилоят аз ҷониби рӯзноманигорони телевизионҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, байналмилалӣ, нашрияву маҷаллаҳо, сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ зиёда 21000 барномаву гузоришу матолиб нашр гардидааст, ки ин аз хизмати шоёни рӯзноманигорон дарак медиҳад.
Соли гузашта Шӯрои машваратии рушди ВАО-и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъсис дода шуд. Шӯрои мазкур дар баробари нафарони масъули мақомоти давлатӣ, инчунин намояндагони ҷомеаи журналистӣ ва коршиносони соҳаро муттаҳид намуда, дар ҷаласаҳои Шӯро масъалаҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор гирифтанд.
Агар ба таърихи Рӯзи матбуоти тоҷик назар андозем, ҳанӯз 113 сол муқаддам «Бухорои Шариф» доир ба рисолати рӯзномаю рӯзноманигорӣ навишта буд: «Рӯзнома воситаест, ки ахбори ҳама ҷоро ба ҳама кас медиҳад, навъи инсонро аз тасаввуроти ҳамдигарӣ мутталеъ менамояд, ба воситаи мутолиа ва тасодуми афкор масоили лозимаи маошия ва маодияро машрӯҳ месозад, тағйироту таҷдидоти ҳақиқатро ба олами ваҳму гумон ба арсаи шаҳодату баён меандозад. Мухтасар ин, ки рӯзнома беҳтарин асбобе аст дар нашру таъмими маориф ва муонасати банӣ навъи инсонӣ».
Ҳоло бо мақсади таъмини пешбурди сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иттилоот дар фазои иттилоотии вилояти Хатлон 60 воситаи ахбори омма фаъолияти пурмаҳсул анҷом медиҳанд. Дар баробари шабакаҳои телевизионию интернетӣ ва матбуоти даврии ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дар вилоят инчунин 2 шабакаи телевизионии маҳаллӣ – шабакаҳои телевизиони вилоятӣ ТВ «Хатлон», ТВ «Кӯлоб», радиои вилоятии «Радиои Хатлон», радиои «Кӯлоб» рӯйи мавҷ баромада, 53 адад нашрияҳои расмӣ (48 нашрия ва 5 маҷалла) нашр мегарданд.
Матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳимми сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолату воқеияти рӯзгор нақши муассир доранд.
Боварӣ дорам, ки қаламкашон донишу малака ва қобилияти эҷодии худро мунтазам ба сӯйи ҳадафҳои неку созанда равона карда, дар баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон, таҳкими сулҳу осоиш, ваҳдати миллӣ, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳама гуна зуҳуроти нангини ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.
Вобаста ба паҳлуҳои манфии соҳаи иттилоърасонӣ, хавфу таҳдидҳои амниятӣ, таҳоҷуми фарҳангӣ, таблиғи афкори барои ҷомеаи мо бегона, экстремизм ва ифротгароӣ пайваста мақолаву гузоришҳо дар телевизионҳо, рӯзномаву маҷалаҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо бояд пахшу нашр гардад.
Манфиатҳои миллии мо тақозо менамояд, ки кормандони воситаҳои ахбори омма барои муқовимат намудан ба ҳар гуна равандҳои номатлуб ва дифоъ намудани ҷомеа аз ин таҳдидҳо бояд дар сафи аввали мубориза бошанд. Баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар дили мардум ва ба ин васила дастгирии рушди анъанаҳои асил ва фарҳанги миллии мардуми Тоҷикистон аз вазифаҳои дигарест, ки воситаҳои ахбори омма дар асри ҷаҳонишавӣ бар дӯш доранд.
Масъалаи асосӣ ин боло бардоштани ҷаҳонбинӣ ва тафаккури илмии ҷавонон мебошад. Вақти он расидааст, ки ҳар як ҷавон ба ҳодисаҳои ҳаёти худ на аз мавқеи дин ва хурофоти динию асотирӣ, балки аз нуқтаи назари илмӣ, вобаста ба дастовардҳои илм ва донишҳои илмӣ муносибат ва баҳогузорӣ намояд.
Бояд ба ҷавонон технологияи нави иттилоотӣ, амнияти зеҳнӣ, амнияти иттилоотӣ, тарзи дуруст ва фарҳанги истифода шудани технологияи коммуникатсионӣ, махсусан, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ омӯзонида шавад.
Даргириҳои минтақавӣ, авҷи ҷудоихоҳӣ, гурӯҳҳои ифротгаро, бадалшавии идеологияҳо, таҳоҷуми иттилоотӣ ва таҳдидҳои дигари ҷаҳони муосир аз намояндагони васоити ахбори умум ҳушёрии бештареро тақозо мекунад.
Ин равандҳо аз кормандони расонаҳои хабарӣ ваҳдати касбӣ, ҳамраъйӣ, ҷасорату шуҷоат, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти баланди касбиро тақозо менамоянд.
Рӯзноманигорон дар вазъияти ҳассоси ҷаҳон бояд истиқлол, ваҳдат ва манфиатҳои давлату миллатро аз тамоми манфиатҳои гурӯҳӣ боло гузошта, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Боварӣ дорам, ки фаъолони вилоят барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони азиз, таъмини амнияти озуқавории мамлакат, татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, дар ҳамкорӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма дар оянда низ ба дастовардҳои баланди меҳнатӣ ноил мегарданд.
Мутмаинам, ки сокинони сарбаланди вилоят дар ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вусъат бахшида, дар пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят саҳми назаррас мегузоранд.
Дар Рӯзи матбуоти тоҷик барои рӯзноманигорон ва кулли ҳаводорони матбуот пирӯзиҳои касбӣ, сарбаландӣ, тансиҳатӣ ва эҷоди созанда таманно дорам.
Иди касбиатон муборак бод, рӯзноманигорони азиз!