Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023, № 544 Барномаи миллии «Кишвари сабз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, дар шаҳри Норак бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид маъракаи шинонидани дарахтони ҳамешасабз баргузор гардид.
Мақсад аз ин иқдом амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри табдил додани кишвари азизамон ба кишвари сабз ба ҳисоб мерафт.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон таъкид намуданд, ки дар тамоми гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ, роҳҳои маҳаллӣ ва талу теппаҳо маъракаи ниҳолшинонӣ вусъат дода шавад.
Дар ин маъракаи сабзу хуррамгардонӣ наздики 1000 бех арча шинонида шуд. Аз аввали мавсим то имрӯз дар талу теппаҳо ва дохили шаҳри Норак 19000 дарахтони гуногуни ороишӣ шинонида шудааст.
Бояд зикр намуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон то имрӯз беш аз 500 ҳазор бех дарахти ороишиву сояафкан шинонида шудааст, ки 125 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023 таҳти рақами 544 Барномаи миллии «Кишвари сабз» -и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 тасдиқ гардид, ки тибқи он то охири соли 2025 дар масоҳати беш аз 4 ҳазор гектар шинондани 65 миллион дарахту бутта ба нақша гирифта шудааст.