10 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва ободонию бунёдкорӣ дар иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Нахуст раиси вилоят дар ноҳияи Данғара аз раванди корҳои бартарафсозии оқибати селу боришот дар ҳавзи деҳаи Корези ҷамоати деҳоти Корез дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар пайи боришоти зиёд ҳавзи ин деха зарар дида, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинон айни ҳол корҳои бартарафсозии офати табиӣ ва корҳои барқарорсозӣ идома дорад.
Сипас бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар маркази саломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таълимӣ дар деҳаҳои Корез, Рахшонзамин ва Маҳалаи 16-уми ҷамоати Корез шинос гардиданд.
Гуфта шуд, ки дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Корез корҳои сохтмонӣ дар муассисаиҳои таълимӣ ва томактабӣ ҷараён дошта, айни ҳол қисман корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулон таъкид намуданд, ки аз маҳсулоти хушсифати сохтмонӣ истифода намуда, тибқи нақша дар муҳлати муқарраргардида иншоот ба истифода дода шавад.
Ҳамчунин, аз рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимии чорошёна, ки дар маркази ноҳия ҷойгир аст, боздид намуданд. Тибқи иттилоъ муассисаи таълимӣ иборат аз 44 синфхона барои 1320 хонанда буда, айни замон корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи 2-юми бино идома дорад.
Сипас, раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз хоҷагии деҳқонии боғпарварии Саидова Барно боздид намуданд. Дар хоҷагӣ беҳтарин дарахтони мевадиҳанда шинонида шуда, нашъунамои онҳо дар ҳолати хуб қарор дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар хоҷагии мазкур бештар дарахтони мевадиҳандаи олу, шафтолу, гелос ва дар қитъаи дигари замини хоҷагӣ бунёди боғи дарахтони себ ва токзорро ба роҳ монда, ҳамасола ҳосили хуб ба даст меоранд. Гуфта шуд, ки соли гузашта танҳо аз ҳисоби дарахтони олу 50 тонна мева ба хориҷи кишвар содирот гардидааст.
Инчунин, раиси вилоят аз ёдгории таърихии Золи Зари ноҳияи Данғара боздид намуданд. Корҳои бостоншиносӣ дар ёдгории Золи Зари ноҳияи Данғара аз соли 2021 идома дорад. Аз натиҷаи ҳафриётҳо маълум шуд, ки ёдгории Золи Зар ба давраи Юнону Бохтар тааллуқ дорад. Дигар ёдгориҳои таърихии мансуб ба ин давра дар мавзеъҳои Пушинг, Ғиҷовак, Паркамчӣ, Ёхсу, Маликова, Мазори Мавлоно Тоҷиддин ва Мавлоно Обиддин ёфт шуда, анҷом додани корҳои бостоншиносӣ дар онҳо ба нақша гирифта шудааст. Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар ёдгории Золи Зар то 7 июни соли 2023 идома дошт.