ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ВАЗЪИ НАШЪУНАМОИ ДАРАХТОНИ СОЯАФКАНУ ОРОИШӢ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии «Бустонқалъа»-и ноҳияи Кӯшониён бо вазъи нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ шинос шуданд.
Ҳадафи боздиди раиси вилоят аз хоҷагии ниҳолпарварӣ шиносоӣ бо парвариши дарахтони ороишӣ, ки барои рушди корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва беҳтар кардани ҳифзи муҳити зист нигаронида шудааст, мебошад.
Зимни суҳбат бо хоҷагидорон раиси вилоят ба онҳо барои дуруст ба роҳ мондани парвариши ниҳолҳо маслиҳатҳои муфид доданд. Ниҳолҳои дар ин ҷо парваришёфта барои ободонию зебогии кӯчаву хиёбон ва боғҳову гулгаштҳо истифода мегардад.
Баъди шиносоӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир ба тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилу баргузории маъракаҳои ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, чароғонкунӣ, ташкили шароити мусоид дар боғ барои истироҳати сокинону меҳмонон ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дода, онҳоро ба вусъати тадбирҳои созанда ҳидоят намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *