БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ТАШКИЛИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА

28 октябр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба ташкили ҷамъоварии ҳосили пахта баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раис, раисони шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.
Қайд гардид, ки имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон ҷамъоварии ҳосили пахта идома дошта, кишоварзони вилоят баҳри беталаф ғундоштани он ҷадал доранд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супурдани ҳосили «тиллои сафед» изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки бояд аз рӯзҳои мусоиди офтобӣ самаранок истифода бурд.
Давлаталӣ Саид, инчунин, оид ба фаро гирифтани пахтаи истеҳсолкардаи деҳқон, қабул ва коркарди он, роҳ надодан ба ҳисоботи нодуруст, ҳолати воқеии пардохтпазирии маблағи андоз аз ҷониби корхонаҳои пахтатозакунӣ, роҳҳои пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунии коркард ва қочоқи пахта, роҳҳои назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он ва пешгирии қонуншиканӣ дар самти баҳисобгирии оморӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки пахтакорӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, рушди он барои таъмини бахши саноати сабук бо ашёи хом, ташкили ҷойҳои корӣ ва тақвияти иқтисодиёти кишвар нақши калидӣ дорад. Бо назардошти талаботи бозор тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ майдони кишти пахта васеъ ва истеҳсоли он ба маротиб зиёд мешавад.
Ҳамзамон, парвариши ин зироат ба хоҷагиҳои деҳқонӣ манфиати хуби молиявӣ оварда, барои ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ низ мусоидат мекунад.
Ёдовар мегардем, ки имсол дар вилояти Хатлон дар майдони беш аз 120 ҳазор гектар пахта кишт гардидааст. Мутобиқи дурнамо, дар вилоят бояд 295 ҳазору 200 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад.
Дар ҷаласаи кории назди раиси вилояти Хатлон ба раисони шаҳру ноҳияҳо ҳамчунин доир ба ҷамъоварии сифатноки андозҳо, шинонидани дарахтон ва вусъати корҳои сарсабзгардонӣ, омодагии соҳаҳои хоҷагии халқ ба мавсими сармо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *