Давлаталӣ Саид: “БОЯД “ТИЛЛОИ САФЕД” БЕТАЛАФ ҶАМЪОВАРӢ ШАВАД”

27 сентябр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба ташкили ҷамъоварии ҳосили пахта баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раис, раисони шаҳру навоҳии пахтакори вилоят ба тариқи ҳузурӣ ва қисме аз онҳо онлайнӣ ширкат варзиданд.
Қайд гардид, ки имрӯзҳо дар ҳамаи 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дошта, кишоварзони вилоят баҳри беталаф ғундоштани ҳосили “тиллои сафед” аз тамоми воситаю имкониятҳо самаранок истифода мебаранд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид ба фаро гирифтани пахтаи истеҳсолкардаи деҳқон, қабул ва коркарди он, роҳ надодан ба ҳисоботи нодуруст, оид ба тартиби андозбандии коркарди пахта, ҳолати воқеии пардохтпазирии маблағи андоз аз ҷониби корхонаҳои пахтатозакунӣ, роҳҳои пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунии коркард ва қочоқи пахта, роҳҳои назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он ва пешгирии қонуншиканӣ дар самти баҳисобгирии оморӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Давлаталӣ Саид масъулонро бобати бештар ҳавасманд сохтани чинакчиён вазифадор намуда, таъкид кард, ки бо дарназардошти чангу ғубори рӯзҳои охир ва ҳавои номусоид, барои ҷамъоварии ҳосили бо сад ранҷ парваридаи марди деҳқон мусоидат бояд кард.
Роҳбари вилоят ташкили дурусти кор, саъю талош, риояи қоидаҳои агротехникии парвариш ва сари вақт сафарбаркунии қувваҳоро гарави муваффақият арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки кӯшишҳои деҳқонони заҳматқарин барои беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва дигар зироати кишоварзӣ бо суръати тоза ҷараён гирифта, соли равонро бо дастоварди муносиби меҳнатӣ ҷамъбаст менамоянд.
Қобили зикр аст, ки пахтакорӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, рушди он барои таъмини бахши саноати сабук бо ашёи хом, ташкили ҷойҳои корӣ ва тақвияти иқтисодиёти кишвар нақши калидӣ дорад. Бо назардошти талаботи бозор тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ майдони кишти пахта васеъ ва истеҳсоли он ба маротиб зиёд мешавад. Ҳамзамон, парвариши ин зироат ба хоҷагиҳои деҳқонӣ манфиати хуби молиявӣ оварда, барои ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ низ мусоидат мекунад.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон соли 2024 дар майдони беш аз 120 ҳазор гектар пахта кишт гардидааст. Мутобиқи дурнамо, дар вилоят бояд 295 ҳазору 200 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *