МУЪМИНОБОД: БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ МАЪРИФАТИЮ ТАРҒИБОТИИ “САДОҚАТИ ВАТАНДОРӢ”

Ҷиҳати татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амри раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид вобаста ба сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод чорабинии маърифатию тарғиботии «Садоқати ватандорӣ» баргузор карда шуд.
Дар оғози чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, мудири Шуъбаи кор бо занони вилоят Фариза Абдуллозода, мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Рамазон Насриддинзода ва дигар намояндагони ҳукумати ноҳия иштирок намуданд.
Тибқи реҷаи корӣ Гурӯҳи корӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия тақсимбандӣ шуда, аз чорабинии мазкур боздид ба амал оварданд.
Нахуст, намояндагони Гурӯҳи корӣ аз намоиши дастовардҳо ва ҳунарҳои мардумии ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Муъминобод боздид ба амал оварданд.
Аз ҷумла муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода бо гурӯҳи ҳамроҳонаш аз барномаи намоиши театрии шуъбаи фарҳанги ноҳия, сипас, аз усули «хона ба хона» аз самаранок истифодабарии замини наздиҳавлигии яке аз сокинони шаҳрак боздид ба амал оварданд. Мушоҳида гардид, ки шаҳрванд дар замини наздиҳавлигӣ се ҳосил ба даст оварда, дар назди хона инчунин коргоҳи истеҳсоли дару тирезаи пластикиро ба роҳ мондааст, ки бо ин роҳ оилаи худро таъмин ва саҳми худро дар иҷрои буҷаи ноҳия гузоштааст.
Баъдан гурӯҳи корӣ аз намоиши дастовардҳои маҳаллаи шаҳрак боздид ба амал оварданд. Дар намоиши мазкур ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзию гулдӯзӣ, таомҳои миллӣ, расму оинҳои миллӣ, кандакорию табақтарошӣ ва амсоли ин гузошта шуда буданд.
Анзурат Абдусаломзода, бо ҷамъомадагон суҳбат намуд. Таъкид доштанд, ки тибқи дастури амри раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид чорабинии мазкур бо мақсади инъикоси раванди корҳои ободонию созандагӣ, тарғиби фаъолияти бунёдгаронаи соҳибкорон, қаҳрамонони меҳнат, мудофиаи Ватан, тарбияи ватанпарварии насли наврас, инъикоси густурдаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба зебоипарастӣ, ободу зебогардонии Ватан ва саҳмгузорӣ дар рушди деҳу маҳал ва бунёду азнавсозии маҷмааҳои фарҳангӣ-маишӣ, инъикоси раванди ободию пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Хатлон, бедор намудани эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ мебошад.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, ҳифзи арзишҳои миллӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» унвон карда шуд.
Ҳамзамон дар ин рӯз дар доираи чорабинии вилоятии «Садоқати Ватандорӣ» дар ҷамоатҳои деҳоти Деҳибаланд аз тарафи шуъбаи тандурустии минтақаи Кӯлоб ташхиси ройгон ва дар Ҷамоти деҳоти Боғгаӣ мусобиқаи футбол баргузор гардид ва ба фаъолони мусобиқа туҳфаҳои таъсисгардида тақдим карда шуд.
Инчунин, чорабинии мазкур дар Ҷамоатҳои деҳоти Нуралишо Назаров, Чилдухтарон, Шамсиддин Шоҳин, Деҳибаланд ва Балхобӣ баргузор карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ, тибқи нақша чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон чорабинии маърифатию тарғиботии «Садоқати ватандорӣ» баргузор шуда, рафти он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба тариқи Телевизиони маҳаллию вилоятӣ инъикос карда мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *