Ба ифтихори таҷлили арзанда аз ҷашни 33 юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар толори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон ҷаласа доир гардид. Дар ин тадбир як қатор кормандони эҷодию техникии идора бо сипоснома ва туҳфаҳои арзандаи роҳбарият қадрдонӣ шуданд. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Телевизиони Хатлон ба дастовардҳои шоиста ноил шуда ҳоло тариқи моҳвора барномаҳои он дар беш аз 40-кишвари ҷаҳон пахш мегардад.
Дар арафаи ҷашни истиқлолияти давлатӣ 2-нафар корманди идора Шералӣ Саидзода ва Гулизор Ҳасанзода бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори мукофоти давлатӣ медали «Хизмати Шоиста» гардиданд. Ҳамзамон шореҳи барномаҳои варзишии идора Давлаталӣ Шамсов дар мусобиқаи байналмилалии дав байни собиқадорони варзиш дар шаҳри Маскави Федератсияи Рассия ширкат варзида, дар масофаи 5-километр ҷойи аввал ва медали тиллои ин мусобиқаро ноил гардидааст.
Зимнан кормандоне, ки дар мусобиқи футбол ба хотири дарёфти Ҷоми раиси вилоят ва чорабинии фарҳангии “Шукӯҳи истиқлол” иштирок намудаанд аз номи роҳбарият бо ифтихорнома ва медали биринҷии мусобиқаи мазкур қадр гардиданд.