26 август, дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар машварати августии омӯзгорони вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар кори машварат раиси вилояти Хатлон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Давлаталӣ Саид, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷуразода Ҷамшед, раисони шаҳру ноҳияҳо, ректорони донишгоҳ ва донишкадаҳои вилоят, директорони коллеҷҳо, мудирони шуъбаҳои маориф, адибон, собиқадорони соҳаи маориф, директорон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии вилоят, намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Дар ибтидо раиси вилоят ва ҳамроҳонаш аз намоиши дастовардҳои соҳаи маориф ва ҳунарҳои дастии толибилмоне, ки шомили маҳфилҳо ва марказҳои ҳунаромӯзианд, дидан намуданд. Давлаталӣ Саид ба хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимӣ барои дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори медал шудан, инчунин ба онҳое, ки ихтироот ва маҳсули дастранҷашонро ба намоиш гузошта буданд, таҳсину офарин хонданд.
Дар ҳамоиши тантанавӣ раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ аз дастовардҳои соҳаи маориф, фаъолияти пурмаҳсули омӯзгорон ёдовар шуда, ҳамагонро бо фарорасии соли нави таҳсил шодбош гуфтанд.
Зикр гардид, ки дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон соҳаҳои илму маориф нақши калидӣ ва афзалиятнок дошта, раванди ҷаҳонишавии таҳсилот ва маърифатнокии илмию техникӣ аз арзишҳое мебошанд, ки мавриди таваҷҷуҳи хоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, имкон фароҳам намудааст, ки аҳли илму маориф бо рӯҳияи созандагию ободкорӣ дар рушди ҷомеаи соҳибмаърифат, тарбияи насли босаводу шарафманд ва амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат сол то сол ба дастоварду муваффақиятҳои назаррас ноил гарданд.
Гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати таъмини рушди бонизоми соҳаҳои илму маориф дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои ҳадафмандро пайваста роҳандозӣ менамояд.
— Сармоягузорӣ ба соҳаи маориф сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад. Вобаста ба ин, бо дарназардошти талаботи сиёсиву иҷтимоии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ куллан бознигарӣ карда шуда, сатҳу сифати дониш ва шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар гардидааст. Дар соли таҳсили 2023-2024 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят 867 ҳазору 185 нафар хонандагон, (418 ҳазору 480 нафар духтарон 38%) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 23 ҳазору 150 нафар хонанда зиёд аст, — гуфт раиси вилоят.
Зикр гардид, ки дар ҳафт моҳи соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 32 адад иншоотҳои соҳаи маориф бо шумораи 213 адад синфхона барои 10650 ҷойи нишаст дар ду баст ба маблағи зиёда аз 60 млн. сомонӣ (бунёд, таъмир ва азнавсозӣ) сохта ба истифода дода шуд.
Инчунин дар доираи Барномаҳои соҳаи маориф ва нақша чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд, таъмир ва азнавсозӣ дар 165 адад иншооти дигар, иборат аз 1137 адад синфхона бо фарогирии 56850 ҷойи нишаст дар ду баст (дар 1 баст 28425 ҷойи нишаст) корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Раиси вилоят ёдрас шуданд, ки дар соли 2023 ба маблағи зиёда аз 260 миллион сомонӣ 95 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 17402 ҷои нишаст ба истифода супорида шуд. Аз ҷумла, 59 муассиса бо 14300 ҷои нишаст аз ҳисоби соҳибкорону саховатмандони кишвар бо маблағи беш аз 164 миллион сомонӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ зикр намуданд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сол аз сол маблағгузории соҳаи маорифи вилоят зиёд гардида, дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маорифи вилоят 2,2 баробар зиёд гардидааст. Мисол агар соли 2018 маблағгузории соҳа 881,8 млн сомонӣ, яъне 58 фоизи буҷети умумии вилоят бошад, он дар соли ҷорӣ тибқи нақшаи тасдиқшуда ба 2 миллиард сомонӣ, яъне ба 60 фоизи хароҷоти умумии буҷети вилоят, расонида шудааст.
Давлаталӣ Саид дар баромади хеш аз бурду бохти соҳаи маорифи вилоят сухан ронда, масъалаҳои марбут ба беҳбуд бахшидани сатҳи таълим, беҳтар намудани шароити корӣ барои омӯзгорони ҷавон, иҷрои барномаҳои давлатӣ, татбиқи стратегияҳои нав барои соли таҳсили нав мавриди муҳокима қарор гирифта, ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар машварат Ҷуразода Ҷамшед, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, оид ба низоми рақамӣ ва рақамикунонии системаи маорифи кишвар то соли 2030 ибрози назар намуд.
Қобили зикр аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри дастгирӣ, ҳавасмандсозӣ ва қадршиносии беҳтарин кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли илму зиёи вилоят таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, ҳамасола дар мадди аввал ин қишри ҷомеаро, ки қувваи бузурги зеҳнию ақлонии вилоят мебошанд, ба мукофотҳои давлатию соҳавӣ, ҷоизаҳо ва унвонҳои фахрӣ пешбарӣ мекунад.
Дар охир дар вазъияти тантанавӣ Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф – “Омӯзгори ифтихории Хатлон” ба як қатор омӯзгорон, “Соҳибватан” ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ супорида шуд.
Ба ҳамин монанд, ба хатмкунандагон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои хатми мактаб бо аттестати универсалӣ ва равиявии аъло (медали тилло ва нуқра) мувофиқан дар ҳаҷми 10 ва 3 ҳазор сомонӣ мукофот муқаррар гардидааст, ки 26 нафар шогирдон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии вилоят соҳиби ин ҷоиза шудаанд. Дар маҷмуъ, беш аз 100 нафар кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон, собиқадорон, падару модарон ва хонандагон бо мукофоти пулии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид қадрдонӣ карда шуданд.
Ғайр аз ин, раиси вилоят ба 31 нафар омӯзгорони ҷавони шаҳру ноҳияҳои вилоят шаҳодатномаҳои замини наздиҳавлигӣ тақдим намуданд.
Дар охир, тибқи хулосабарории ҳайати тадорукот “Парчами сайёри ғолиб” насиби ноҳияи Данғара гардид ва дар ҳаҷми 20000 сомонӣ мукофотонида шуд.