Сохтори ТВ-Хатлон

                              

 

                                  Маълумотнома

( Оид ба фаъолияти телевизион ва радиои Хатлон)

 

Телевизиони Хатлон дар асоси қарори  Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №424, барои таъмини фазои иттилоотӣ, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа ва тарғиби сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.08.1993, таъсис ёфта, кормандони эҷодию техникии он  аввалин барномаҳои худро 01.09.1993 тариқи мавҷи телевизиони Тоҷикистон пешкаши тамошобинон гардонидаанд. Баъди 6-моҳи фаъолият соли 1994 дар арафаи ҷашни Наврӯз дар ҳудуди вилояти Хатлон барномаҳои телевизион бо мавҷи алоҳида пахш карда шуд. Соли 2008 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ пас аз насби таҷҳизоти фиристандаи мавҷҳо дар шаҳри Кӯлоб ва Тошробод доираи фарогирии пахши барномаҳои телевизион дар ҳудуди вилояти Хатлон зиёд гардид.

Дар асоси фармоиши Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2/1 “Дар бораи зиёд намудани пахши барномаҳои телевизиони Хатлон” ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 02.01.2019  пахши барномаҳои телевизион аз 18-соат ба 21-соат расонида шуд. Мувофиқи ҷадвали (сеткаи) пахши барномаҳо давоми ҳафта 31 барномаи оригиналӣ ва ҳамарӯза дар барномаи “Ахбор” руйдодҳои муҳими дохилу хориҷӣ кишвар инъикос карда мешавад. Аз 11.03.2023 телевизиони Хатлон баъди пайваст шудан ба хати нури дар фармати HD-и пахш мегардад.

 

Радиои Хатлон

Радиои Хатлон аз соли 1977 фаъолият дорад, гуфтору барномаҳои он тариқи мавҷи шабакаи 101.3 FM пахш карда мешавад. Тибқи фармоиши Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.09.2020 таҳти №1 “Дар бораи зиёд намудани миқдори пахши барномаҳои радиои вилояти Хатлон” аз 01.09.2020 соати пахши барномаҳои радиои Хатлон аз 12-соат ба 24-соат расонида шуд, ки 12-соати онро ҳамарӯза таҳияи гуфтору барномаҳои оригиналӣ ва 12-соатро пахши такрорӣ ташкил медиҳад.